image

Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз

date_range21.03.2024, 07:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye151
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шумо ва кулли фарзандони Тоҷикистонро, ки берун аз кишвар кору зиндагӣ доранд, ба ифтихори Соли нави аҷдодӣ, яъне Наврӯз, ки бо ташаббуси мамлакати мо мақоми байналмилалӣ гирифтааст, самимона табрику шодбош мегӯям.

Ба хонадони ҳар як фарди кишвар саломатӣ, осоиш ва иқболи баланд орзу менамоям.

Наврӯз ҷашни бузурги қавмҳои ориёӣ, яъне ниёгони тамаддунсози мо – тоҷикон мебошад ва таърихи беш аз 6000-сола дорад.

Бо гузашти асрҳо ин ойини зиндагибахш ба қаламравҳои дигар паҳн гардида, ба ҷашни дӯстдоштаи мардумони гуногун табдил ёфт.

Зеро Наврӯз ҷашнест, ки табиати мардумиву оммавӣ дошта, миллату халқиятҳои мухталифро, сарфи назар аз нажод, забон ва дину мазҳаби онҳо, гирди ҳам меоварад ва ба онҳо шодиву нишот мебахшад.

Сабаби аз ҷониби бисёр кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфтани пешниҳоди Тоҷикистон ва соли 2010 бо Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯз маҳз дар моҳияту табиати мардумӣ доштани ойинҳои ин ҷашни фархунда мебошад.

Мо – тоҷикон ифтихор дорем, ки ин ҷашн ҷаҳонӣ гардид, вале бештар аз он ифтихормандем, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ имрӯз дар кишвари мо Наврӯз бо шукӯҳи хосса ва хушҳолии хурду бузурги мамлакат таҷлил мегардад.

Ба ин маънӣ метавон гуфт, ки Тоҷикистон – ватани Наврӯз аст.

Дар баробари ифтихор кардан мо бояд таърих ва суннату анъанаҳои наврӯзиро бештар омӯзем, онҳоро ҳифз кунем, густариш бахшем ва дар ҷаҳони пурмоҷарои кунунӣ ба аҳли башар беҳтар муаррифӣ намоем.

Бо умеди он, ки Наврӯзи имсола ба кишвари маҳбуби мо пешрафту дастовардҳои нав хоҳад овард, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бори дигар ба ифтихори ин ҷашни фархунда табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо тандурустӣ, рӯзгори осуда ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Наврӯзатон муборак, ҳамватанони азиз!