image

Озмуни шаҳрии "Ҳамсароён" дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор шуд

date_range26.04.2024, 09:14 chat_bubble_outline0 remove_red_eye211

Бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаи санъату ҳунар ва дастгирии наврасону ҷавонон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Озмуни шаҳрии «Ҳамсароён» доир мегардад. Даври ноҳиявии озмуни мавриди назар дар Муссисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир шуд.

Озмун ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дарёфти истеьдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатхои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум менамояд, гузаронида мешавад.

Дар озмун намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва аъзои ҳакамони даври ноҳиявии озмун иштирок намуданд. Тавре, ки гуфта шуд ба озмун беҳтаринҳоро аз муассисаҳои олӣ ва миёнаи умумии ҳудуди ноҳия ҷалб намуда, бо ҳунару маҳорати онҳо шинос шуда, ҳайати ҳакамон ба ҳар иштирокчӣ баҳои сазоворро мегузоранд.

Даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Ҳамсароён» дар асоси дастури роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои пойтахт баргузор карда мешавад.

Бояд гуфт, ки озмуни шахрии Хамсароён» аз руи 3 номинатсия, аз ҷумла хори бачагона (то 16 сола), хори мардона (аз 17 то 25 сола) ва хори умуми миёни наврасону ҷавонони пойтахт баргузор мешавад. Озмун аз даври ноҳиявӣ ва шаҳрӣ иборат буда, даври якуми он моҳи апрел ва даври дуюм моҳи майи соли 2024 доир карда мешавад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"