image

Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон

date_range26.04.2024, 10:53 chat_bubble_outline0 remove_red_eye192

Дар толори «Болрум»-и меҳмонхонаи «Ҳайят Реҷенсии Душанбе» бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ» зери шиори «Ихтироот», аз ғоя то маҳсулот» Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид.

Дар доираи Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон, Намоиши дастовардҳои ихтироъкорони ҷумҳурӣ дар шакли лавҳаҳо (баннер), варақаҳои иттилоотӣ баргузор гардид. Намояндагони вазорату идораҳо, олимони муассисаҳои илмию таълимӣ, мутахассисону коршиносони соҳавӣ ва бахши хусусӣ аз намоишгоҳ дидан карда, баргузории Форумро ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои устувори пайванди илм ба истеҳсолот муҳим арзёбӣ намуданд.

Муовини сарвазири мамлакат иброз дошт, ки мақсади асосии Форум дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти анҷом додани кашфиёту ихтирооти нав, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир, таҳкими алоқаи байни илм ва истеҳсолот, баланд бардоштани татбиқи амалӣ ва самаранокии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, баррасии масъалаҳои соҳа ва рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар мебошад. Дар Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон, ки намояндагони вазорату идораҳо, олимон, намояндагони бахши хусусӣ, ихтироъкорони Тоҷикистон, Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, Ташкилоти патентии Авруосиё, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Белорус иштирок доштанд, ҳузурӣ ва ба таври фосилавӣ суханронӣ намуданд.

Дар Форум тарғибу ташвиқи масъалаҳои марбут ба ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии ихтироъкорону навоварони ҷумҳурӣ ва Минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди моликияти зеҳниро яке аз афзалиятҳои рушди бахши иҷтимоии кишвар хисобида дар ин самт браномаҳои мушаххаси илмиро гардонидааст. Гуфта шуд, ки айни замон дар шаҳри Душанбе, Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо амал мекунад ва илова бар ин ҳамасола ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонон ташкил ва баргузор карда мешавад, ки ҳадафи он тақвияти неруи зеҳнӣ, ташаккули фарҳанги техникӣ ва дастгирии ихтироъкорон мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе IT парк ва Маркази ихтироъкорони ҷавон ифтитоҳ мегардад.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"