image

Баргузории Рӯзи мудофиаи гражданӣ дар МТМУ №77

date_range01.05.2024, 11:18 chat_bubble_outline0 remove_red_eye368

Бо мақсади омодагии сохторҳои марбута ва аҳолӣ ба офатҳои таббиӣ, аз ҷумла селу обхезӣ ва заминҷунбӣ бояд мунтазам машқҳои тактикӣ ва чорабиниҳои омӯзишӣ бо сафарбарнамоии сокинон ташкилу баргузор карда шавад. Бо ин мақсад аз ҷониби Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе ва бахши он дар ноҳияи Фирдавсӣ дар саҳни МТМУ №77-и ноҳияи Фирдавсӣ баргузор шуд.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ҳифз намудани саломатӣ ва ҳаёти хонандагон мебошад. Дар чорабинӣ хонандагон ва кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ш. Душанбе ва бахши он дар ноҳияи Фирдавсӣ дар саҳни МТМУ №77-и ноҳияи Фирдавсӣ иштирок доштанд.

Баъдан дар саҳни бинои муассиса машқҳои махсуси тактикӣ гузаронида шуд. Зимнан гуфта шуд, ки бо мақсади таъмини ҳолати омодагии доимӣ, ҷиҳати сайқал додани маҳорати касбии ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ дар иҷрои вазифаҳо ва сари вақт бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, мусоидат намудан барои устувории фаъолият дар ҳолатҳои фавқулода, машқҳои махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардид.

Баъди кӯчонидани хонандагон гурӯҳи наҷотдиҳии Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ш.Душанбе ва бахши он дар ноҳия фаъолияти худро тақвит бахшида аз мавзеъҳои харобгардида зарардидагонро наҷот дода, тавасути воситаи нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба бунгоҳи тиббии наздиктарин интиқол доданд. Ҳамзамон аз ҷониби ин даста аз дохиди биноҳои таълимӣ, ки ҳуҷраҳояш хароб гардидааст, шахсони дармонда наҷот дода шуданд. Маҷруҳон бошанд саривақт ёрии аввалини тибби гирифта, ба нуқтаҳои тиббӣ расонида шуданд.

Ин амал дар доираи корҳои садамавию наҷотдиҳӣ амалӣ карда шуд. Корҳои садамавию наҷотдиҳӣ - амалиёт барои наҷоти одамон, арзишҳои моддию фарҳангӣ, ҳифзи муҳити зист дар минтақаи ҳолатҳои фавқулодда ва ё то ҳадди имкон кам кардани сатҳи таъсири омилҳои хатарноки ба онҳо хос мебошанд. Корҳои садамавию наҷотдиҳӣ дорои омилҳое мебошанд, ки ба ҳаёт ва саломатии шахсони ба ин кор мутасаддӣ таҳдид намуда, омодагии зарурӣ, либосу анҷом ва таҷҳизоти махсусро талаб мекунанд.

Ҳамин тавр сохтору мақомоти марбута, аз ҷумла Хадамоти давлатии оташнишонӣ низ дар раванди машқҳои соҳавӣ ширкат намуда, фаъолияти худро бо хомуш намудани оташ иҷро намуданд.

Сипас дар толори муассиса чорабинии фарҳангӣ баргузор шуд, ки писанди ҳамагон гардид.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"