image

Иштироки роҳбарият ва кормандони муассисаи давлатии "Телевизиони Душанбе" дар Намоишгоҳи байналмилалии CABSAT

date_range23.05.2024, 10:52 chat_bubble_outline0 remove_red_eye155

Аз 21-ум то 23-юми майи соли 2024 дар шаҳри Дубайи Амороти муттаҳидаи Араб Намоишгоҳи 30-юми байналмилалии технологияи муосири рақамӣ ва моҳвораӣ баргузор мешавад. Роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе низ дар ин чорабинии минтақавӣ иштирок доранд. Дар намоишгоҳ зиёда аз 450 экспонат ва 18 ҳазор иштирокӣ ҳузур доранд. Моҳи майи соли 2024, шаҳри Дубайи Амороти муттаҳидаи Араб ба як шаҳри имкониятҳои рақамӣ табдил ёфт.

CABSAT-ин унвони Намоишгоҳи байналмилалии технологияи муосири рақамӣ ва моҳвораӣ аст, ки ин маротиб дар шаҳри дубай доир гашт. Ҳамасола аз ин намоишгоҳ ба ҳисоби миёна зиёда аз 13,000 боздид мекунанд. Дар ин азмина роҳбарият ва кормандони муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе низ дар ин чорабинии сатҳи байнамилалӣ дар қатори дигар коршиносону мутахассисон иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур аз 21 то 23 май дар Маркази ҷаҳонии тиҷорати шаҳри Дубай доир гашта, намоишгоҳ ба як макони марказии рушди саноати ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва дар он маҳсулот ва таҷҳизоти муосири рақамӣ ва моҳвораӣ намоиш дода мешавад. Меҳмонони намоишгоҳ ҳамчун имкон доранд дар CABSAT-2024 дониши худро баланд бардоранд, бо коршиносон муошират кунанд ва ояндаи технологияи ВАО-ро омӯзанд!

Намоишгоҳ маконест, ки коршиносон ва соҳибкорони пешқадам аз саросари ҷаҳон барои табодули афкор, бастани созишномаҳо ва ташаккули ояндаи технологияҳои рақамӣ ба ҳам меоянд. Ин бозори динамикӣ ва гуногунҷабҳа пайваста тоҷирон ва сармоягузоронро ба худ ҷалб мекунад ва ин инак шаҳри Дубай на танҳо ба маркази ҷуғрофӣ, балки ба маркази зеҳнии ин соҳа табдил ёфт.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"