image

Истиқболи ҷоизадори Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон Сомон Маҳмадбеков

date_range27.05.2024, 10:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye168

Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони муваффақи тоҷик пас аз дурахшандагӣ дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон ба Ватан бозгашт. Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ба истиқболи барандаи медали биринҷии Мусобиқоти Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон нафарони зиёде ҷамъ омаданд.

Паҳлавони шинохтаву маҳбуби кишвар Сомон Маҳмадбековро, ки пас аз 17 сол интизорӣ дар Чемпионати ҷудои ҷаҳон сазовори медал шуд, дар толори пазироии меҳмонони олиқадри фурудгоҳ муовини раиси шаҳри Душанбе, Одилзода Дилбар, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, Роҳбарони Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, намояндагони ВАО ва ҳаводорону алоқамандони ҷудои кишвар самимона истиқбол гирифтанд.

Сомон Маҳмадбеков баъди истиқболи самимонаи мардум изҳор дошт, ки ин пирӯзӣ танҳо пирӯзии ӯ нест ва барои ин қаҳрамонӣ танҳо ӯ меҳнат накардааст.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи сеюми Чемпионати ҷаҳонии ҷудо, ки дар Абу Дабии АМА баргузор шуд, паҳлавони маъруфи тоҷик

Сомон Маҳмадбеков дар вазни - 81кг куштӣ гирифта, медали биринҷии мусобиқаро ба даст овард. Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал бар Данийил Зоубкои фаронсавӣ бо як ҳамлаи ғофилгиркунанда ва имтиёзи вазарӣ зафар ёфт.

Дар даври дуюм бар намояндаи Нидерланд Франк де Вити 28-сола бар далели шикастани муқаррарот аз сӯи ҳариф ё 3 шидо пирӯзӣ ба даст овард.

Маҳмадбеков дар даври сеюм бо иқтидор бар ҳарифаш аз Миср, Абдураҳмон Абдулғанӣ бо имтиёзӣ вазарӣ пирӯз шуда ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Ӯ дар марҳалаи чаҳорякниҳоӣ дар як рақобати сахт бо Тато Григалашвилии гурҷӣ, ки ду давра Қаҳрамони ҷаҳон аст, бозанда шуда, ба рақобатҳои шонси дуюм ё даври тасаллобахш рафт ва инҷо бар Давид Карапетян аз тими бетараф, бо истифода аз фунуни кор дар замин дастболо шуд.

Ҳамин тавр, Маҳмадбеков барои ба даст овардани нишони биринҷӣ шонс пайдо кард ва дартрақобатҳои раддабандӣ бо ҳарифи дигари гурҷӣ Гочилаидзе Димитри рӯ ба рӯ шуд. Сомон дар вақти тилоӣ бо имтиёзи вазарӣ интиқоми Таторо аз ҳамтими ӯ ситонид ва ин нишони биринҷиро ба гардан овехт.

Ёдовар мешавем, ки ҳануз соли 2007 Расул Боқиев аз Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Бразилия ба гирифтани нишони биринҷӣ ноил шуда буд. Инак, 17 сол баъд, ба Сомон Маҳмадбеков муяссар шуд, аз Чемпионати ҷаҳони ҷудо барои Тоҷикистон медал биоварад.

Каримхон Бегматов
"ТВ Душанбе"