image

Баргузории консерти ҳисоботии Мактаби бачагонаи санъат ба номи Муҳиддин Аминзода

date_range04.06.2024, 11:36 chat_bubble_outline0 remove_red_eye173

Дар толори Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ консерти ҳисоботии Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Муҳиддин Аминзода» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор шуд.

Қабл аз шуруъи консерт маҳсули эҷодии рассомони навраси ин боргоҳи ҳунаромӯзӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Сипас дар толори Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати фарҳанг, волидони хонандагон ва устодон консерти ҳисоботии Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Муҳиддин Аминзода» баргузор гардид.

Дар барномаи ҳисоботии мактаби санъат асарҳои муосири классик ва суруду рақсҳои мактаби мазкур манзури тамошобинон гардид. Дар барнома суруду оҳангҳо аз эҷодиёти композиторони тоҷик ва ҷаҳонӣ аз ҷониби донишҷӯён ва устодони муассиса, дар саҳти хеле баланди касбӣ иҷро гардид. Барномаи мазкур аз 14 номераи консертӣ иборат буда, мавзуҳои Ватан, Душанбешаҳр, ободӣ, озодӣ, соҳибистиқлолӣ, хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ, ишқ, муҳаббат ва садоқатро фарогир буд.

Мактаби овозадори ҳунар, ки ба номи шоир ва мусиқинавози маъруф Муҳиддин Аминзода гузошта шудааст, дар тӯли фаъолияташ тавонист ба яке аз мактабҳои касбии ҳунари мусиқиву рассомии Тоҷикистон табдил шавад. Консертҳои бошукуҳи сатҳи баланд ба ифтихори меҳмонони хориҷӣ ҳам, аз ҷумла, бо ҳунарнамоии шогирдони ҳамин мактаб баргузор мешавад. Композиторони маъруфи тоҷик Шарофиддин Сайфиддинов, Хайрулло Абдуллоев, Лола Толис ва Шодмон Пӯлодӣ дастпарварони ҳамин мактаб ҳастанд. Дар ин мактаб наврасони аз 7 то 14-сола таълим мегиранд. Мактаби мазкур маълумоти иловагӣ ба шумор рафта, хонандагон пеш аз дарс ё баъди он дар инҷо санъати рассомиву мусиқиро аз худ мекунанд. Мактаби бачагонаи санъати шаҳри Душанберо заминаи хубе барои идомаи таҳсили наврасон дар мактабҳои олии санъату фарҳанг медонанд.

Дар фарҷом намояндагон ба консерти ҳисоботии муассиса хуб арзёбӣ намуда, ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва озмунҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ изҳори сипос намуда, барои саҳми муносиб дар тарбияи фарҳангии насли наврас ба омӯзгорони фаъол изҳори миннатдорӣ намуданд.

Валиҷон Шарфзода
"ТВ Душанбе"