Дар ноҳияи Фирдавсӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Бо мақсади таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Бобоҷон Ғафуров - бузургтарин муҳақиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик», ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров 5-уми декабри соли 2023 баён доштаанд, дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор карда шуд.
Зимни ифтитоҳи озмуни мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ба сухан баромада, мақсад аз баргузор намудани озмуни мазкурро ин арҷгузорӣ ба шоир ва мутафаккири барҷастаи тоҷик Ҳаким Абдулқосим Фирдавсӣ, шинохти амиқтари шахсияту осори ин шоири тавоно ва ташвиқи осори ӯ дар такомули мафкураи миллӣ, ватандорӣ ва ҷаҳонибинии ҷомеа маънидод карданд.
Ҳамзамон қайд намуд, ки “Шоҳномахонӣ” аз ҷумлаи усулҳои маърифатии мардуми тоҷик ба шумор меравад, аз ин лиҳоз баргузор намудани озмуни мазкур дар айнӣ хол амри зарурӣ мебошад.
Сипас иштирокдорон, ҳар яке ба аъзои ҳакамон маҳорати хешро нишон доданд. Бояд қайд намуд, ки иштирокчиёни озмун аз ҳисоби хонандагонӣ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна, олии касбӣ (бакалавр, магистр), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эчодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва доктарантхои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ (ба истиснои номзадон ва докторони илм, омӯзгорони фанни забон ва адабиёти ҳамаи зинаҳои таҳсилот), калонсолон намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад.
Гуфтан ба маврид аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» аз рӯи як номинатсия қироат ва шаҳр додани достонҳо ва байтҳо аз «Шоҳнома»-и Абдулқосим Фирдавсӣ баргузор карда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки иқдоми беназир ва таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба интишор ва ба ҳамаи оилаҳо тақсим намудани асари оламшумули ҳаким Абдулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» қадами навбатӣ дар роҳи худшиносии миллӣ арзёбӣ мегардад. Ҳарчанд «Шоҳнома» то ин замон низ дар байни мардуми фарҳангсолори тоҷик зиндаву ҷовид буд, вале ба ҳар хонадон тақдим гардидани он аз ҷониби Роҳбари давлат, қабл аз ҳама, ҳисси ватандӯстии мардумро зиёда мегардонад.
Дар даври ноҳиявии озмун дар ноҳияи Фирдавсӣ наздики 250 нафар довталаб ширкат варзида ба аъзои ҳакамон аз рӯи номинатсия қироат ва шаҳр додани достонҳо ва байтҳо аз «Шоҳнома»-и Абдулқосим Фирдавсӣ маҳорати хешро нишон доданд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Декабрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ