image

Ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии «Саҳми Пешвои миллат дар рушди иқтисоди рақамӣ ва танзими равандҳои демографӣ» дар ДМТ

date_range19.06.2024, 16:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye89

Дар оғози конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Саҳми Пешвои миллат дар рушди иқтисоди рақамӣ ва танзими равандҳои демографӣ» ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикитсон профессор Эмомалӣ Насриддинзода таъкид намуд, ки Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 декабри соли 2018 ва мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019» таҳия гардидааст.

Ҷойи таъкид аст, ки Консепсия ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 асос ёфта, инъикоскунандаи дурнамои умумии истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, ҳамзамон, ҳарчӣ зудтар ба сатҳи зиндагии кишварҳои дорои даромади миёна расидани он таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш доир ба аҳамият ва зарурияти мавзуи нишсат ибрози андеша намуда, зикр кард, ки дар ҷаҳони муосир яке аз унсурҳои асосии муваффақиятҳои иқтисодиёти рушди муътадилдошта, маҳз аз рақамикунонии иқтисодиёт вобастагӣ дорад. Таъкид шуд, ки Ҳукумати электронӣнизоми муосири технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ба ҳисоб рафта, давлатҳои олам марҳила ба марҳила ба ин система ворид мегарданд. Тоҷикистон низ ҳамқадами замон аст. Тибқи дастурҳои Пешвои муаззами миллат давра ба давра ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти неруи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия, вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ, инчунин, омода намудани мутахассисони соҳа диққати аввалиндараҷа дода мешавад.

Дар идомаи олимону донишмандони соҳа низ бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд. Таъкид гардид, ки рақамикунонии идоракунии иқтисодиёти муосир ҳамчун воситаи асосии ташаккулдиҳандаи низоми идоракунии давлатӣ ва ҳамзамон таъсисдиҳандаи иқтисоди инноватсионӣ дар таҳқиқи амиқи паҳлӯҳои институтсионалӣ, интихоби шаклу усулҳои муфиди чорабиниҳои ташкилӣ-иқтисодӣ муҳим аст.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"