image

Ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Боғи фарҳангӣ- фароғатии “Кули ҷавонон” барномаи фарҳангии ноҳияи Сино баргузор гардид

date_range26.06.2024, 14:50 chat_bubble_outline0 remove_red_eye140

Ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Кули ҷавонон” барномаи фарҳангии омоданамудани аҳли ҳунар ва санъати ноҳияи Сино баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино аз намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии фаъоли ноҳияи Синои пойтахт боздид намуданд. Ҳамзамон дар ин рӯз ба хотири таҷлили бошукуҳ аз ин ҷашни муаттаҳидӣ ва сарҷамъӣ намоиши ҳунарҳои марудмӣ ва барномаҳои зебои кӯдаконаи тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томакатбии ноҳияи Сино низ баргузор шуд.

Дар оғози чорабинии тантанавӣ мувоини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода тамоми иштирокчиён ва сокинони ноҳияро ба муносибати фарорасии ин ҷашни муқаддас шодбош гуфт.

Қайд гардид, ки Ваҳдати миллӣ дар таърихи миллат аз арзише баробар ба арзиши истиқлолияти давлатӣ бархӯрдор аст ва ҳатто фаротар аз он, зеро пойдориву таҳкими истиқлолият маҳз бастагӣ ба ваҳдату ҳамдилии миллат дорад. Ҳамзамон раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ тамоми сокинону меҳмонони ноҳияро бо фарорасии 27-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ шодбош намуд.

Дар идома барномаи фарҳангиву фароғатии аҳли ҳунар ва санъати ноҳияи Сино таҳти увнони «Навои Ваҳдат» пешниҳоди сокинон гардид.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"