Муаррифии ҳунару анъанаҳои мардумӣ дар маҳаллаи Алачабофони ноҳияи Фирдавсӣ
Роҳбарияти бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои хеш ҷихати муаррифии ҳунару анъанаҳои мардумӣ ин навбат чорабинии омӯзишию маърифатиро бо ҳунармандону кадбонуҳои маҳаллаи Алачабофони ноҳияи Фирдавсӣ доир намуданд.
Ҷолиб аст, ки дар бунёди Тоҷикистон Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат такя ба собиқаи пешиниён ва таҷрибаҳои милливу таърихӣ доштаанд ва ин суханони Пешвои миллатамон далели гуфтаҳои мо мебошанд: «Дар пушти ҳар шоҳкории меъморӣ таърих, урфу одат, расму оин ва фарҳанги он миллат меистад». Ҳамин аст, ки дар ҳама шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди пойтахт чорабиниҳои гуногуни маърифатию омӯзиши ҷиҳати ошнои пайдо намудан ба урфу одати қадимаи халқи куҳанбунёди тоҷик роҳандозӣ гардида истодааст.
Маҳалаи Алачабофони ноҳияи Фирдавсӣ алакай маҳаллаи сеюм мебошад, ки дар он корҳои омӯзишию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Роҳбарияти бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо навгониҳои зиёд дар маҳаллаи Алачабофони ноҳия корҳои фаҳмондадиҳию омӯзиширо ҷиҳати омӯзонидани ҷавондухтарон ба касбу ҳунарҳои миллии қадимаи халқи тоҷик доир намуд. Дар ин рӯз ҳунармандон ба ҷавондухтарон омода намудани оши туппа, намудҳои гуногуни санбуса аз қабили санбусаи алафӣ, кадугӣ ва гӯштӣ, ҳамзамон омода намудани афшураро омӯзониданд.
Дар дигар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия ҳунармандон ба пухтани оши бурида ва дигар таомҳои миллӣ машғул будан, ҳунармандони маҳаллаи Алачабофон бошад ба ҳозирин тарзи омода ва пухтани оши туппаро нишон доданд. Гуфтан ба маврид аст, ки ин намуди таом дар байни мардуми кишвари мо маъмулу машҳур буда, бештар дар фасли баҳор ва тобистон омода карда мешавад. Зеро дар ин фаслҳо ҳама намуди гиёҳҳои табии барои истифода дар ин таом зиёд мебошад. Ҳамзамон бо инобати оне ки айни замон фасли тобистон аст занону бонувони маҳалла ҳамзамон бо истифода аз фурсат ба омода намудани шарбати мева низ машғул буданд. Онҳо таъкид медоранд, ки ҳамасола бо пухта расидани меваҳои шаҳдбори кишвар ба омода намудани шарбати мева машғул мешаванд ва дар ин замина аз меваву сабзавот захираи зимистона низ мекунанд.
Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ тасмим доранд, ки дар дигар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия минбаъд дигар намуди таомҳои миллиро бо иштироки ҳунармандону кадбонуҳои маҳаллаҳо пешниҳод намоянд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ