image

Ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Қазоқистон дар кинотеатри «Ватан»

date_range21.08.2024, 11:37 chat_bubble_outline0 remove_red_eye131

Дар доираи ҳамкориҳои судманди ду кишвари дӯст Тоҷикистон ва Қазоқистон дар кинотеатри «Ватан» Рӯзҳои кинои Қазоқистон бо намоиши филми ҳунарии «Шамшери алмосӣ» оғоз гардид. Ин тадбири фарҳангӣ ду руз идома хоҳад кард.

Санъати кино барои таҳкими дӯстӣ ва муаррифии кишварҳо заминаи мусоид мегузорад. Ҳамин аст, ки пайваста дар Рӯзҳои кинои кишварҳои гуногун дар давлатҳои дусту бародар дар заминаи ҳамкориҳои судманд ташкилу роҳандозӣ мегардад. Дар ин замина дар кинотеатри «Ватан»-и шаҳри Душанбе Рӯзҳои кинои Қазоқистон ба кори худ оғоз намуд.

Дар ҷараёни ифтитоҳи ин тадбири фарҳангӣ роҳбарияти МД «Тоҷикфилм», намояндагони сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Қазоқистон, таҳиягарону филмсозони ду кишвари ба ҳам дӯст иштирок намуданд. Мавриди зикр аст, ки ин иқдом дар заминаи сафари Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба кишвари мо роҳандозӣ гардидааст. Зимни баромади худ намояндагони сохторҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баромад намуданд.

Таъкид шуд, ки дар заминаи ҳамкориҳои судманди дуҷониба, ки бо ташаббусу иқдомҳои созандаи сарони ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим Жомарт Токаев тақвият ёфтааст, ин чорабинӣ созмон ёфт ва ба воситаи он ҳамкориҳои ду кишвар дар самти таҳияи филмҳо рушду густариш меёбанд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи Рӯзҳои кинои Қазоқистон дар кинотеатри «Ватан» нахуст филми ҳунарии «Шамшери алмосӣ» ба намоиш гузошта шуд. Ин филм дар сатҳи баланди касбӣ аз ҷониби филмсозони Ҷумҳурии Қазоқистон таҳия гардидааст. Гуфта мешавад, ки бо ташкили Рӯзҳои кинои Қазоқистон дар кишвари мо оянда рушди бештари ҳамкориҳо ба миён омада дар ҳамкорӣ филмҳои муштарак наворбардорӣ мегарданд.

Мувофиқи иттилои МД “Тоҷикфилм” ин тадбири фарҳангиву маърифатӣ санаи 21-уми август низ идома ёфта, дар ин сана соати 10:00 филми «Амалиёти Набот» ва  соати 17:00 филми «Дос Мукасан» дар кинотеатри ба номи «Тоҳир Собиров» намоиш дода мешаванд.

Ҳоҳишмандони синамо метавонанд филмҳои болозикрро тамошо кунанд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"