Маросими супоридани дипломҳои аъло ба хатмкардагони Коллеҷи омӯзгории ба номи Х.Махсумоваи ДДОТ ба номи С.Айнӣ
Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ тибқи нақша – чорабинии шуъбаи таълим баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Дар соли таҳсили 2023-2024 колеҷи мазкурро 20 нафар бо дипломи аъло хатм карданд.
Дар маросими супоридани дипломҳои аъло ба хатмкардагони Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ роҳбарияту устодон, хатмкардагон ва волидайни онҳо иштирок доштанд. Тавре директори коллеҷи мазкур бо муроҷиат ба хатмкардагон иброз дошт, на ба ҳамаи донишҷӯён муяссар мегардад, ки муассисаи таълимиро бо дипломи аъло хатм намоянд. Шумо нафароне мебошед, ки бо дониши аъло ва рафтори намунавиатон сазовори ин ҳуҷҷати аъло гардидед.
Дар идома иброз шуд, ки бо таваҷҷуҳ ва дасгириҳои пайваста ва хастанопазири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол соҳаи маориф, ки дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат соҳаи афзалиятнок ба ҳисоб меравад, рӯ ба тараққӣ ниҳодааст.
Дар идома дипломҳои аъло ба хатмкардагон дар вазъияти тантанавӣ тақдим гардид.
Тибқи иттилоъ Соли 2024 Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваро 693 нафар донишҷӯён хатм намуданд. Аз ин шумора 234 нафар буҷавӣ ва 459 нафар шартномавӣ мебошанд. Аз теъдоди умумии хатмкардагон 20 нафар соҳиби дипломи аъло гардиданд, ки наздики 3 фоизи шумораи умумии хатмкунандаҳоро ташкил медиҳад.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ