image

Корҳои ободонӣ дар маҳаллаи Ховарон

date_range03.09.2024, 09:36 chat_bubble_outline0 remove_red_eye138

Дар доираи сиёсати хирадмандона ва созандаву бунёдкории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ободонии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корҳои созандагӣ дар пойтахт ҳамоно идома дорад ва дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ вусъати тоза касб кардааст.

Аз ҷумла ин тадбир дар маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур дар сатҳи хуб мушоҳида мешавад. Бояд гуфт, ки ин мавзеъ ва ё худ ҳудуди маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур то ин муддат марҳала ба марҳала тариқи ҳашарҳои дастаҷамъона ободу зебо гардонида шуд. Дар раванди баргузории ҳашарҳои дастаҷамъона саҳми кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур назаррас аст ва кормандон бо масъулияти баланд дар ин мавзеъ корҳои созандагиро амалӣ намуданд. Аз ҷумлаи корҳои бузурги созандагӣ дар маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур ин таъмири роҳи асосии маҳалла мебошад. Дарозии роҳи асфалпӯшгардида зиёда аз 2 киллометрро дар бар гирифта паҳноии роҳ 8 метр аст.

Ҳамзамон дар ҷараёни таъмир роҳҳои дохилии маҳалла низ бо ҷалби кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур асфалтпуш гардид. Ба масъалаи сабзгардонии минтақаҳои хушкшудаи маҳалла низ аз ҷониби масъулин диққати ҷиддӣ равона гардид ва дар ин мавзеъҳо дархатони сояафкан, ҳамешасабз, гулҳои мавсимӣ ва майсазор корида шуд.

Дар доираи тадбирҳои созандигиву бунёдкории роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе корҳои созандагӣ ва ободонӣ дар дигар шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур идома дорад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"