image

Чорабинии тантанавӣ оид ба Ҷаласаи 21-уми Озмуни байналмилалии "Санъати китоб"-и кишварҳои аъзои ИДМ

date_range12.09.2024, 10:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye166

Аз соли 2004 ин ҷониб Озмуни байналмилалии "Санъати китоб" - и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкилу роҳандозӣ мешавад. Дар озмуни мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хуб нишон додааст. Имсол кишвари мо дар ин озмуни байналмилалӣ аввалин дониста шуд. Чун Шоҳҷоизаи онро соҳиб гашт.

Ҷаласаи 21-уми Озмуни байналмилалии "Санъати китоб" - и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзҳои 7-8 августи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, натиҷаҳои он 6 сентябри соли равон дар шаҳри Москва эълон гардид.

Дар маросими тантанавии эътои ҷоизаҳо, ки дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии "Китоби Москва" баргузор шуд, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф ва намояндагони вазорати фарҳанг иштирок карданд. Озмун аз 10 номина иборат буд, ки вобаста ба онҳо ноширони давлатҳои ИДМ маҳсули кори хешро пешниҳод намуданд.

Ҷойи хушҳолист ки дар арафаи ҷашни миллии кишвари азизамон Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон шоҳкитоби Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино "Қонуни тиб" дар Озмуни ХХІ - уми байналмилалии "Санъати китоб" барандаи Шоҳҷоиза гардид.

Дар маҷмӯъ ноширони Тоҷикистон дар ин озмуни байналмилалӣ соҳиби 12 мақоми ифтихорӣ гардиданд, ки Шоҳҷоиза болотарини онҳост. Саҳми аз ҳама бештар ба номи Сарредаксияи илмии "Энсиклопедияи миллии тоҷик" рост омад, ки бо китобҳои аз нигоҳи мазмуну муҳтаво ғанӣ ва сифати олии чоп ҷумҳурии моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.

Дар ин доира бо ҷамъи аҳли илму адаб роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Зимни суханронии масъулин гуфта шуд, ки озмуни байналмилалии «Санъати китоб» бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ байни ноширони китоб, баланд бардоштани фарҳанги нашри китоб, рушди санъати китоб, таблиғи беҳтарин дастовардҳои нашриётҳо ва табодули арзишҳои маънавию фарҳангӣ байни кишварҳои узви ИДМ аз соли 2004 инҷониб баргузор мешавад. Муассиси он Шӯрои байнидавлатии ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, тавзеъи китоб ва полиграфия мебошад.

Китоби «Қонуни тиб»-и Абуалӣ Ибни Сино дар як муҷаллади бузурги хушрангу тарҳ ба забони модарии шайхурраис ва хатти сириллик тавассути Сарредаксияи илмии “Энсиклопедияи миллии тоҷик” ба чоп расидааст. Нашри наву мукаммали «Қонуни тиб» бо тарҷумаи донишманди маъруфи тоҷик Саййиднуруддин Шиҳобуддинов дар камоли зебоӣ аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ бо риояи низоми волои илмии замони муосир анҷом шудааст.

Китобҳои дигари ноширони тоҷик ҳам дар ин Озмуни байналмилалии китоб соҳиби ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва ифтихорномаҳои вижа шуданд. Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби масъулин чоизаву ифтихорномаҳо ба ноширон супорида шуд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2018 Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб» дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он ду ҷилди аввали "Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик" дар радифи китобҳои Ҷумҳурии Беларус ва Федератсияи Россия сазовори «Шоҳҷоиза» гардида буд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"