image

Баргузории рӯзи дуюми даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат»

date_range18.09.2024, 10:47 chat_bubble_outline0 remove_red_eye158

Рӯзи дуюм аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар шаҳри Душанбе бо инобати тартиботи дар озмун дарҷгардида, роҳандозӣ мешавад. Иштирокчиён бо маҳорати баланди эҷодиву навовари истеъдоду дониши хешро нишон медиҳанд. Пешрафти илму техника дар ҷаҳони имрӯз фарогири тамоми соҳаҳо гардидааст, албатта ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бетараф нагузошт ва дар ин росто озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат»-ро ташкил намуданд. Вобаста ба ин ҳамасола аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои муайяне ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни мазкур ҷудо карда мешавад.

Даври шаҳрии озмуни мазкур то 23 сентябри соли ҷори идома меёбад ва беҳтаринҳо муайян ва ба даври ҷумҳурияви роҳхат мегиранд. Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» мувофиқи низомнома талаботҳои худро дорад. Аз ин рӯ, ҳангоми гузаронидани озмун ҳайати коммисия кӯшиш карданд, ки тамоми қоидаҳои муқараргардидаро мукаммал риоя намоянд. Саволгузорӣ аз рӯи адабиёти илмию таълимии тавсияшуда ба роҳ монда шуд.

Ҷиҳати ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ лозим мебошад, чунки барои аз худ намудани илм воситаҳои аёният нақши асосиро иҷро мекунанд. Дар баробари ин, бояд нақшаву барномаҳои таълимӣ ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилот мутобиқ карда шавад. Дар ин сурат кадрҳои баландихтисоси ба бозори дохиливу ҷаҳонии меҳнат ҷавобгӯро тарбия намудан мумкин аст.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"