image

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

date_range30.09.2024, 11:04 chat_bubble_outline0 remove_red_eye78
Дар пойтахт маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои комиссияи озмунҳо, ҳайати ҳакамон, ғолибони даври шаҳрӣ аз ҳисоби хонандагону донишҷӯён, ходимони илмӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа ширкат намуданд.
Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар баромад намуда, қайд намуданд, ки «Ташкил ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” аз ташаббусҳои навбатии беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳавасмандгардонии қишрҳои гуногуни ҷомеа ба омўзишу донишандӯзӣ, навҷӯиву навоварӣ ва истифодаи имкониятҳои илм дар амал маҳсуб меёбад.
Дар идома 66 нафар ғолибони ҷойи сеюми даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» аз рӯйи ҳафт номинатсия бо диплом, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 44 нафар бо диплом, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ ва 22 нафар ҷойи якум бо диплом, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.