image

Мулоқоти хосаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев

date_range11.10.2024, 16:01 chat_bubble_outline0 remove_red_eye142
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев, ки ҷиҳати иштирок дар Конференсияи байналмилалии байнипарламентӣ таҳти унвони «30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот намуанд.
Дар мулоқот вазъи имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қазоқистон дар самтҳои афзалиятнок ва ҳамзамон робитаҳоиб айнипарламентӣ баррасӣ шуданд.
Зикр гардид, ки муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Қазоқистон аз афзалиятҳои калидии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар заминаи робитаҳои қавии дустии мардумон ва муколамаи мунтазами Сарони давлатҳо тавсеа меёбад.
Ҷонибҳо аз рушди бемайлони ҳамкории байнипарламентии палатаҳои болоии парламентҳои Тоҷикистону Қазоқистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Баррасии масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ аз мавзӯъҳои муҳими мулоқот маҳсуб ёфта, ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба вазъи имрӯзаи суботи минтақа ва ҷаҳон табодули андеша карданд.