image

Форуми байналмилалии «Иқтидори дипломатияи давлатӣ: протоколҳои нави ҳамкорӣ ва таҷрибаҳои беҳтарин» дар Академияи идоракунӣ

date_range24.10.2024, 11:03 chat_bubble_outline0 remove_red_eye82

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анҷумани байналмилалии дипломатияи ҷамъиятӣ таҳти унвони «Иқтидори дипломатияи давлатӣ: протоколҳои нави ҳамкорӣ ва таҷрибаҳои беҳтарин» доир гардид. Форуми мазкур ба яке аз платформаҳои Саммити умумиҷаҳонии иҷтимоӣ табдил ёфт, ки қарор аст дар соли 2025 баргузор шавад.

Дар рафти форуми байналмилалӣ иштирокчиён оид ба чӣ гуна истифода бурдани созмонҳои ғайридавлатӣ аз нишондиҳандаи дипломатияи ҷамъиятӣ барои рушди равандҳои ҳамгироӣ, протоколҳои нави ҳамкорӣ дар фазои Авруосиё табодули андеша намуданд. Инчунин дар бораи таҷрибаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, илмӣ, таълимӣ ва башардӯстона, ақидаҳои худро иброз карданд. Дар баромадҳо зикр карданд, ки дипломатияи халкӣ дар шароити хозираи ҷаҳонӣ ба муттаҳид шудани қувваҳои ҷамъиятӣ бештар мусоидат карда, дар таъмини боварӣ ва хамфикрии байни давлатхо ва халкхо нақши калон мебозад. Баён доштанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун манбаи муттаҳидкунанда имрӯз бо мушкилоти ҷиддие рӯ ба рӯ шудааст, ки равандҳои ҳамгироиро пурзӯр намуда, моделҳои нави ҳамкории созмонҳои ҷамъиятии кишварҳои гуногунро, ки манфиатҳои халқҳои онҳоро ифода мекунанд, ҷустуҷӯ мекунанд.

Дар идома таъкид шуд, ки шароити муосир аз ҷомеаи ҷаҳонӣ механизмҳои бештар самараноки ҳалли масъалаҳои ташкили субот, ташаккул ва тасдиқи протоколҳои нави ҳамкорӣ дар шароити муосирро талаб мекунад.

Бояд ёдовар шуд, ки форуми байналмиллалӣ дар чаҳорчӯби барномаи Рӯзҳои Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Қаблан Рӯзҳои Ассамблея дар Сербия, Булғористон, Фаронса, Ҳиндустон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Муғулистон, Озарбойҷон ва Миср баргузор мешуданд. Иттилоъ додан ба маврид аст, ки рӯзҳои Анҷумани халқҳои Авруосиё ва Африқо дар кишвар то 26 октябр идома ёфта, баргузории як қатор чорабиниҳо ва ба имзо расонидани созишномаҳои тарафайн дар назар аст.