image

Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амали дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами танзими ҳуқуқии тиҷоратикунонии натиҷаҳон фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва паркҳои технологӣ»

date_range25.12.2024, 11:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye28

Бахшида ба 15-солагии таъсисёбии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами танзими хуқуқии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва паркҳои технологи: ҳолат, мушкилот ва дурнамо» ташкил ва баргузор гардид.

Дар кори он намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассиса ва корхонаву ҷамъиятҳои соҳавӣ, инчунин олимону мутахассисони соҳаи ҳуқуқ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қайд гардид, ки дар фазои муосири иқтисодӣ «тиҷоратикунонӣ» ҳамчун раванде муайян карда мешавад, ки бо истифодаи амалии натиҷаҳои таҳқиқот ва коркардҳои илмӣ бо мақсади чорӣ намудани молҳо, хизматрасониҳо ё равандҳои нав ё мукаммал ба бозор барои ба даст овардани самараи тиҷоратӣ алоқаманд аст. Гуфтан ба маврид аст, ки Фаъолияти инноватсионӣ дар иқтисодиёти муосир омили асосии рақобатпазирии дарозмуддат мебошад.

Ҳамзамон, дар идомаи кори конференсияи таъкид гардид, ки тавассути таъсиси Парки технологӣ метавон неруи зеҳнии мавчудаи ин ё он муассисаро ба хам муттахид сохт ва аз он дар пешбурди тахкикоти илмӣ ба таври васеъ истифода бурд. Илова бар ин, раванди мазкур дар амал татбик намудани натичаи корҳои илмиро ба маротиб осон ва самараноктар мекунад.

Дар охир вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"