image

Дар майдони «800-солагии Москва» таҳти унвони «Соли нави мелодӣ-соли накӯ ва соли меҳру вафо» барномаи фарҳангӣ доир шуд

date_range30.12.2024, 15:03 chat_bubble_outline0 remove_red_eye37

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили Соли нави мелодӣ дар майдони «800-солагии Москва», ки арчаи идона қомат афрохта буд, таҳти унвони «Соли нави мелодӣ-соли накӯ ва соли меҳру вафо» барномаи рангин ва бошукӯҳи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Дар чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе Сорбон Холмуҳаммадзода, Раиси ноҳияи Шоҳмансур ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорон ва сокинони хурду бузурги ноҳия иштирок намуданд.

Нахуст намояндаи Ҳукумат ва Раиси ноҳия бо паёми табрикоти хеш суханронӣ намуда, кулли сокинон ва меҳмонони ноҳияро бо Соли нави мелодӣ табрику шодбош намуда, изҳор намуданд, ки соли сипаригардида дар хотири ҳар як фарди бонангу номуси кишвари азизамон ҳамчун соли заҳмати содиқонаву софдилона баҳри ободӣ ва пешрафти Ватани соҳибихтиёрамон, амалӣ гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои неки навбатӣ нақш хоҳад баст.

Инчунин, дар рафти баргузории чорабинӣ, қадрдонии ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» ки аз 5 то 8 декабри соли ҷорӣ бо фарогирии 29 муассаҳои ҳудуди ноҳия баргузор гардида буд, сурат гирифт ва дар вазъияти тантанавӣ бо Сипосномаҳо ва мукофотпулиҳои Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

Бояд иброз намуд, ки дар даври ноҳиявии озмуни мазкур, аз ноҳияи Шохмансур 29 муассисахо аз рӯи 4 номинатсия иштирок намуда, аз инҳо 12 нафар ғолиби даври ноҳиявӣ гардиданд. Ҳамзамон, ба дастаи олимпичиёни ноҳияи Шоҳмансур, ки ба ҳайати 5-гонаи беҳтарин ноҳияҳо дар самти «Ҳаракати олимпии фаъоли ҷумҳурӣ дар соли 2024» ворид гардид, сипосномаи Раиси ноҳияи Шоҳмансур тақдим шуд.

Сипас, чорабинии фарҳангӣ-фароғатиро сурудҳои дилнишин ва рӯҳнавози беҳтарин сарояндагону мутрибони кишвар ва рақсу шодии кӯдакону наврасон ҳусни дигар бахшид.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"