image

"ПАЁМ-РОҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ ДУРАХШОН". Баргузории ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

date_range30.12.2024, 15:07 chat_bubble_outline0 remove_red_eye53

Дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш роҳбарият, ҳайати устодону кормандон ва муҳаққиқони ҷавони Донишгоҳ иштирок доштанд.

Баъд аз садо додани Суруди миллӣ ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ суханронӣ намуда, афзуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 муҳимтарин ҳуҷҷати барномавиест, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, дурнамои рушди босуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масоили соҳаҳои гуногуни кишвар ҳаматарафа таҳлил ва баррасӣ шудаанд.

Ҳамзамон, ректори Донишгоҳ оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқии Паём ва зарурияти эълон гардидани солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд зарурати иқдоми мазкурро дарк намуда, дар рушди донишҳои илмӣ-техникӣ ва инноватсионӣ талош варзад.

Дар идомаи ҳамоиш иштирокчиён дар мавзӯҳои “Тақвияти пардохтҳои ғайринақдӣ – вусъати гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат”, “Инъикоси масъалаҳои иҷтимоӣ дар Паём”, “Ҷанбаҳои маърифатомӯз ва масъалаҳои маънавию тарбиявӣ дар Паём” суханронӣ намуданд. Паём баҳри боз ҳам дар сатҳи баландтар ва боз ҳам беҳтар муаррифӣ гардидани Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамояд. Яке аз нуктаҳои муҳимтарини Паём - ин, пеш аз ҳама, соҳаи иҷтимоӣ буд ва бори дигар таъкид гардид, ки дар масъалаи маблағгузорӣ соҳаи иҷтимоӣ, махсусан маориф дар Тоҷикистон яке аз ҷойҳои хеле назаррасро ишғол менамояд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"