image

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

date_range31.12.2024, 10:09 chat_bubble_outline0 remove_red_eye48

Дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзоёни Шӯро баргузор гардида, дар он фаъолияти Шӯро дар соли 2024 баррасӣ шуда, вазифа ва нақшаҳои нав барои соли 2025 тарҳрезӣ шуданд.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Точикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, намояндаи комилҳуқуқи Раиси Шӯро, аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва намояндагони ҳизбҳои сиёсии мамлакат, намояндагони фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию-фарҳангӣ, иттиҳодияҳо, иттифоқҳову ассотсиатсияҳо  ширкат намуданд.

Тибқи Нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024, ки аз ҷониби Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, дар рӯзномаи ҷаласа як масъала; “Тарҳрезии нақшаи кори Шӯро барои соли 2025” дохил карда шудааст.

Ҳамчунин дар ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар масъалаҳои ҷорӣ низ баррасӣ гардид.

Дар кори ҷаласа намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Шӯро ва аъзоёни Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, фаъолияти Шӯроро дар соли 2024 таҳлил намуданд.

Гулова С.
"ТВ Душанбе"