
Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Таътили зимистона-2025» байни кӯдакони солҳои таваллуди 2012-2013 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар рӯзҳои таътили зимистона дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Таътили зимистона-2025» байни кӯдакони солҳои таваллуди 2012-2013 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Мусобиқа ба поси хотири хабарнигори маъруфи варзишӣ Фарҳод Ҷабборов, ки солҳои тӯлонӣ ба нафъи футболи пойтахт заҳмат кашидааст, бахшида шуд.
Мусобиқа 1 январ оғоз шуда, дар охирин рӯзи таътили зимистонаи кӯдакон – 7 январ ба анҷом расид. Дар гурӯҳи кӯдакони то 12-сола дастаи «Душанбе-Солор» ғолиб гардид. Медалҳои нуқра насиби дастаи Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол гардид. Медалҳои биринҷиро дастаи «Помир»-и пойтахт соҳиб шуд.
Дар мусобиқа байни футболбозони то 13-сола дастаи «Душанбе-Солор» ғолиби мусобиқот гардид. Ҷои дуюм насиби дастаи Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ ва зинаи сеюм аз дастаи «Хоҷамбиё» шуд.
Байни кӯдакони то 12-сола Мирзомақсуд Мусофиров (МҶМОВ), Аминҷон Шарифов («Помир»), Ниёзи Аҳмадҷон (МҶМОВ) ва Далер Халилов («Душанбе-Солор») беҳтарин бозигар дар ҳайати дастаҳои худ эътироф гаштанд.
Беҳтарин нишонзани мусобиқа Билол Исматов («Душанбе-Солор») ва беҳтарин бозигар Имрон Маҳмудов («Душанбе-Солор») эълон гардиданд.
Кумитаи тадорукоти мусобиқа Абдулло Идиев («Хоҷамбиё»), Фирдавс Муҳаммадҷонов (МҶМОВ), Муҳаммад Содиров («Душанбе-Солор») ва Фотеҳ Гадобоевро (КМВА) беҳтарин бозигар дар дастаҳои хеш байни кӯдакони то 13-сола эълон кард. Ҷоизаи нишонзани беҳтарини мусобиқа ба Александр Холиқназаров («Помир») ва бозигари беҳтарин ба Иброҳим Муродов («Душанбе-Солор») тақдим гардид.
М.Раупова
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Июнь 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ