image

Баргузории ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Паём-машъали роҳнамои миллат»

date_range15.01.2025, 10:18 chat_bubble_outline0 remove_red_eye22

Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо иштироки масъулини мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва устодону донишҷӯёни коллеҷи мазкур, таҳти унвони «Паём-машъали роҳнамои миллат» ҳамоиши илмӣ доир гардид.

Мулоқоти навбатии устодону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваро, ки оид ба натиҷагирии нуқтаҳои муҳими Паёми Пешвои муазами миллат доир гардида буд, нахуст муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат кулли дастовардҳои ҷумҳурӣ дар 33 соли Истиқлоли давлатӣ ба таври амиқ таҳлилу баррасӣ гардида, вазифаҳои муҳимтарин ва минъбадаи Тоҷикистон ба таври мушахас муайян карда шудаанд. Инчунин дар Паём Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хусусан ба масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии тамоми гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ диққати ҳамаҷониба дода шудааст.

Гуфта шуд, ки Пешвои миллат дар Паёмашон ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.

Ҳамзамон дар ин радиф Президенти кишвар ба вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки барои тасдиқи нақшаи мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолот санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Маврид ба зикр аст, ки вазифаҳои дарпешистода, ки дар Паёми навбатӣ дарҷ карда шудаанд, аз ҷумла саноатикунонии мамлакат, таъмини амнияту суботи ҷумҳурӣ, мудофиа, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва ғайра аз мо талошу заҳматҳои дучанд талаб менамоянд.

Иштирокдорон дар идома доир ба нуктаҳои Паёми навбатӣ, аз ҷумла боло рафтани сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат, соҳаи маориф, зан ва ҷомеа, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ҳифзи оромӣ ва осудагии давлат ва дигар паҳлӯҳои Паём андешаронӣ намуданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"