Бахшида ба Рӯзи касбии кормандони гумрук дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Бахшида ба таъсисёбии Хадамоти Гумрук, ки ҳамасола дар кишвар санаи 22-уми январ қайд карда мешавад, дар Донишгоҳи байналмилаии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Хадамоти гумрук ва устодону донишҷӯён таҳти унвони «Рақамикунонии гумрукӣ омили афзалиятноки рушдӣ хизматрасониҳои гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид.
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун муассисаи олии бисёрсоҳаи пешбар дар баробари омода намудани мутахассисон дар дигар соҳаҳои барои кишвар афзалиятнок, ҳамзамон кадрҳои ҷавобгӯйи талаботи бозори меҳнатро дар ришати гумрук ва ҳуқуқ омода месозад. Барои омода намудани мутахассиони ин соҳа дар баробари дигар сохаҳо дар факултети Гумрук ва ҳуқуқи иқтисодии ин муассисаи олии таълимӣ шароиту имконоти зарурӣ фароҳам мебошад.
Зимни машварат ширкатдорон қайд намуданд, ки рақамикунонии хизматрасониҳои гумрукӣ яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти гумрук, коҳиш додани монеаҳо дар тиҷорати байналмилалӣ ва таъмини шаффофият дар раванди иҷрои қонунгузории гумрукӣ мебошад.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ