Ҷаласа оид ба натиҷагирии фаъолияти Осорхонаи миллӣ дар давоми соли 2024
Дар толори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти муассиса дар давоми соли 2024 ва вазифаҳои барои соли 2025 ҷаласаи васеъ баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарият ва ҳайати кормандони Осорхонаи миллӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд.
Дар оғози кори ҷаласа нахуст директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти гуногунҷабҳаи Осорхонаи миллӣ, аз ҷумла фаъолияти оммавӣ-маърифатӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, намоишӣ-экспозитсионӣ ва ҳуҷҷатгузории муассиса ҳисоботи муфассал ироа намуданд. Изҳор шуд, ки ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ яке аз вазифаҳои асосии Осорхонаи миллӣ маҳсуб меёбад.
Муассиса дар давоми соли 2024 рисолати касбии худро иҷро намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар соли 2024 - 102 179 нафар тамошобин экспозитсияи Осорхонаи миллиро тамошо намуданд, ки аз ин миқдор 94 359 нафарро тамошобинони дохилӣ ва 7 820 нафарро тамошобинони хориҷӣ ташкил намудаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 392 нафар тамошобини дохилӣ кам ва 1 995 нафар тамошобини хориҷӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин намояндагони 50 кишвари олам аз осорхона боздид намудаанд.
Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ