Машварати омӯзишӣ барои маъмурони барномаи электронии “eDonish” доир шуд
Дар Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” тренинги омӯзишӣ барои маъмурони барномаи электронии “eDonish” дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Ҷойи таъкид аст, ки “eDonish” барномаи иттилоотии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе буда, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз соли 2020 инҷониб дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе татбиқ гардида, барои гузариш ба таҳсилоти рақамӣ заминаи асосиро ба вуҷуд овардааст.
Сармутахассиси шуъбаи татбиқи лоиҳаҳои КВД “Шаҳри ҳушманд”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имкониятҳои барномаи электронии “eDonish”-ро баён сохт. Чорабинии мазкур ду рӯз идома дошт ва ҳадаф аз баргузории он баланд бардоштани сатҳи дониш, такмили малака ва маҳорати касбии маъмурон, инчунин таъмини истифодаи самараноки барномаи электронии “eDonish” ва истифодаи фарогири технологияҳои рақамӣ буд.
Дар ҷараёни тренинг иштирокчиён бо усулҳои самараноки истифодаи барномаи “eDonish” ва назорати мунтазами фаъолияти камераҳои Face ID шинос шуданд.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ