image

Дар ҳудуди "Боғи Ғалаба ва нигоҳодории ҷангали шаҳри Душанбе" дарахтони ороишии ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуд

date_range20.01.2025, 10:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye26

Бо ҷонибдорӣ аз даъвати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сокинони касбу кори гуногуни пойтахти мамлакат зиёда аз 3 моҳ мешавад, ки бо доир намудани маъракаи ниҳолшинонӣ дар корхои сабзу хуррамгардонии мамлакат саҳм гузошта истодаанд. Ин навбат бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳамкорӣ бо эмомхатибони масҷидҳои ҷомеъ дар доираи нақшаи чорабиниҳо дар ҳудуди "Боғи Ғалаба ва нигоҳодории ҷангали шаҳри Душанбе" дарахтони ороишии ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинониданд.

Иштирокчиёни маъаркаи ниҳолшинонии имрӯза, ки аксарияти сокинони рӯзгордида буданд, дарахтону ниҳолони ороишӣ ва мевадиҳандаро бо риояи қоидаҳои аграрӣ шинониданд. Тавре, ки гуфта шуд, шинонидани дарахту ниҳол дар баробари дигар амалҳое, ки инсон ба анҷом мерасонад, аз ҷумлаи корҳои хайр дониста мешавад.

Қобили қайд аст, ки дар пайи тадбирандешиҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар роҳи таъмини муҳити тозаи экологӣ тавассути шинонидану парвариш кардани гулу дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, хусусан туфайли муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  оид ба «Шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанбе, ки  зимни баргузории иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе садо дод, дар пойтахти мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба миён омад.

Муроҷиати мазкур миёни аҳолии шаҳри Душанбе ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуда, ба маъракаи умумишаҳрӣ табдил ёфт. Ин аст, ки ҳоло  сокинони пойтахт ва кормандони касбу кори гуногун бо нишони ҷонибдорӣ аз ин иқдом, дар назди ҳавлӣ, атрофи биноҳои истиқоматӣ, корхонаву муассиса, ташкилоту идораҳо, мутташакилона  ба маъракаи ниҳолшинонӣ пайвастаанд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"