image

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар гӯшаву канори шаҳри Душанбе бовусъат идома дорад

date_range21.01.2025, 10:42 chat_bubble_outline0 remove_red_eye25

Дар доираи барномаи давлатӣ кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар Муасиссаи давлатии “Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангали шаҳри Душанбе” аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми кормандони зерсохтори он дар шаҳри Душанбе ҳашари дастаҷамъона ташкил гардида беш аз 5 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкан ва сӯзанбарг шинонида шуд.

Тибқи амалгардонии нақшаи муаяйнгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои солҳои 2025-2027 дар шаҳри Душанбе шинонидани 450 ҳазор бех ниҳол ба нақша гирифта шудааст, ки ин барои сарсабзу хуррам ва зебо гардонидани симои пойтахти кишвар шаҳри Душанбе нақши назарас дорад.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"