image

Семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Баланд бардоштани фарҳанги молиявӣ дар самти низоми пардохтҳои ғайринақдӣ”

date_range23.01.2025, 11:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye30

Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе” дар мавзӯи “Баланд бардоштани фарҳанги молиявӣ дар самти низоми пардохтҳои ғайринақдӣ” семинари илмӣ-назариявиро бо ҷалби роҳбарон ва омӯзгорону муҳассилин баргузор намуд.

Намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир ба шарҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат суханронӣ карда, таъкид намуд, ки он ҳамчун санади муҳими ҳуқуқӣ дар роҳи беҳтар кардани соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимиоиёту фарҳанг ва дар маҷмуъ тамоми пахлӯҳои ҳаёти ҷомеа мақому манзалат ва нуфузу эътиборро касб карда, нуктаҳои ва андешаҳои Пешвои миллат дар паёмҳояшон дар мавриди адлу тадбир, таълиму тарбия, илму маориф, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, саховату эҳсон, адолати иҷтимоӣ, арзиши олӣ доштани ҳукуку озодиҳои инсон ва ҳифзи ҳукуқу озодиҳои шаҳрванд ва волоияти қонун сабаби баланд гардидани масъулият ва ҳисси милливу ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии сокинони мамлакат хоса ҷавонон мегардад.

Иштирокчиёни дигар низ дар мавзӯъҳои “Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар партави Паёмҳои Пешвои миллат” ва “Низоми пардохти ғайринақдӣ ва истифодаи технологияҳои муосир” маърӯза ироа намуданд.

Дар интиҳо иштирокчиён дар доираи маърӯзаҳои ироашуда мубодилаи афкор намуда, паҳлуҳои гуногуни масъалаҳои баррасишавандаро зери музокира қарор дода, масъулин иштирокчиёнро содиқонаву поквиҷдонона ва дар муттаҳидӣ фаъолият намудан ва барои ободиву шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб талқин намуданд.

"ТВ Душанбе"