image

Баргузории Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино

date_range23.01.2025, 11:09 chat_bubble_outline0 remove_red_eye27

Дар пойтахти мамлакат баргузории Маҷлисҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе идома дорад. Ин навбат дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Умари Хайём» Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино баргузор гардид.

Дар кори Маҷлиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино намояндагон аз Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияии Сино, раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони халқи шаҳри Душанбе, раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино, аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, гурӯҳҳои таблиғотӣ ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия иштирок намуданд.

Дар маҷлис баррасии масъалаҳои гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ноҳиявии ҳизб дар соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, тасдиқи Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино барои нимсолаи якуми соли 2025, пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаҳои интихоботии ҳудуди ноҳияи Сино, пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино, тасдиқи қарорҳои маҷлиси умумии кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба қабули аъзо ба сафи ҳизб, тасдиқи қарорҳои Маҷлиси муассисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мувофиқи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Сино оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроия дар нимсолаи дуюми соли 2024 ва вазифагузориҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд.

Дар идома вобаста ба тасдиқи қарорҳои маҷлиси умумии кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба қабули аъзо ба сафи ҳизб ва қарорҳои Маҷлиси муассисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"