Баргузории ҳамоиши «Такмилдиҳии муносибатҳои молиявию андозӣ дар шароити рақамикунонӣ» дар ДМТ
Ҷиҳати натиҷагирӣ аз нуқтаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат ба мақоми олии қонунгузор дар толори факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зери унвони «Такмилдиҳии муносибатҳои молиявию андозӣ дар шароити рақамикунонӣ», ки бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти профессор Хосият Улуғхоҷаева башида шуда буд семинари илмӣ-амалӣ ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.
Дар ҳамоиши навбатие, ки дар толори факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зери унвони «Такмилдиҳии муносибатҳои молиявию андозӣ дар шароити рақамикунонӣ» доир шуд, роҳбарияти донишгоҳ, олимону коршиносон ва устодону донишҷӯёни факултети мазкур иштирок намуданд.
Зимни суханронии масъулин қайд гардид, ки дар замони муосир рақамкунонӣ дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа татбиқ гардида истодааст. Дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат (28 декабри соли 2024) чунин қайд гардидааст -“Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Зимни ироаи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад”.
Дар идома иштирокдорон аз рӯи мавзӯҳои дигар дар семинари мазкур баромад карданд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ