Инъикоси масъалаҳои рақамикунонии иннноватсия ва беҳтар гардонидани сифати таълим дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Инъикоси масъалаҳои рақамикунонии иннноватсия ва беҳтар гардонидани сифати таълим дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рақамикунонӣ ва инноватсия як самти муҳим дар рушди иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарият ва омӯзгорону кормандон иштирок намуданд.
Дар кори ҳамоиши илмии “Инъикоси масъалаҳои рақамикунонии иннноватсия ва беҳтар гардонидани сифати таълим дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” роҳбарият ва ҳайати устодонони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромад ширкатдорон қайд намуданд, ки ташкил ва баргузор намудани чунин семинарҳои илмӣ-амалӣ дар доираи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи ташаккул ва рушди илми тоҷик дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятии кишвар ба ҳисоб мераванд.
Дар семинари илмӣ-амалӣ баромадкунандагон доир ба ҷиҳатҳои мусбии технологияҳои рақамӣ дар раванди таҳсилот, нақши рақамикунонӣ ва инноватсия дар рушди соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, татбиқи технологияҳои мобилӣ дар омӯзиши забонҳои барномасозӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар ҷаҳони муосир, таҳсилоти рақамӣ ва омодасозии кадрҳо дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон маърузаҳо пешниҳод намуданд.
Баромадкунандагон қайд намуданд, ки дар шароити ҷаҳони муосир раванди рақамикунонӣ соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллиро фаро гирифта, ба таъмини ҳамкории мутақобилаи ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, сохторҳои мухталифи фаъолияти соҳибкорӣ, шарикии давлат бо бахши хусусӣ ва шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ мусоидат менамояд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ