Кормандони Суди шаҳри Душанбе беш аз 300 бех ниҳоли сояафкану ороишӣ шинониданд
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кормандони Суди шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар доираи корҳои ободониву сабзазоркунӣ тасмим гирифтанд, ки дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе беш аз 300 бех ниҳоли сояафкану ороиширо шинонад.
Гуфтан ба маврид аст, ки масъулини Суди шаҳри Душанбе дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат ва шаҳрдориро сармақши фаъолияти худ қарор дода, дар оянда низ ҷиҳати сарсабзу хуррамгардонии муҳити атроф саҳми мегузоранд.
Бояд гуфт, ки тадбирҳои экологие, ки ҳамарӯза новобаста аз рӯзҳои истироҳатӣ дар пойтахт аз ҷониби сохторҳои гуногуни шаҳрӣ гузаронида мешаванд, ба хотири тозагии кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои Душанбешаҳр роҳандозӣ мегарданд.
Боиси қайд аст, ки ин амали ободонӣ бо мақсади таъмини муҳити беҳтари зист ва фазои мусоиди экологӣ ташкил карда шуда, дар раванди корҳои ниҳолшинонӣ ҳамзамон ба навъу намуд ва хусусиятҳои ба иқлими мо тобоварии ниҳол таваҷҷуҳ карда шуд, то ки оянда сабзиши онҳо таъмин гардад.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ