image

“Биёед ҷавонон барои наслҳои оянда ниҳол шинонем!”. Маъракаи васеи ниҳолшинонӣ дар пойтахт

date_range27.01.2025, 11:26 chat_bubble_outline0 remove_red_eye46

Бо ташаббуси Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал» бо ҷалби зиёда аз 300 нафар корманди зерсохторҳои Раёсати тандурустӣ 1000 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд.

Ҷиҳати сифатнок нашъунамо ёфтани ниҳолу дарахтони ҳамешасабз ва буттаҳои ороишӣ қабл аз парвариш намудан тамоми талаботу меъёрҳои агротехникӣ ва маслиҳату тавсияҳои олимону мутахассисони соҳа ба инобат гирифта шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Раёсати тандурустии МИҲД шаҳри Душанбе пайваста чунин тадбирҳои ниҳолшинонӣ ташкилу роҳандозӣ мегардад.

Ҳамзамон 25-уми январи соли 2025 дар асоси нақша - чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такя ба ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомали оид ба сарсабзу хуррамгардонии ҳар гӯшаи Тоҷикистони офтобӣ ҳайати кормандони сохтор ва зерсохтори Кумита ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов таҳти роҳбарии Раиси Кумита дар талу теппаҳои мавзеъи Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал» таҳти унвони “Биёед ҷавонон барои наслҳои оянда ниҳол шинонем!” маъракаи васеи ниҳолшинониро дар доираи ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ, ки аз моҳи январ то моҳи марти соли равон идома меёбад, доир намуданд.

Дар такя ба барнома мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд маротиба маъракаи васеи ниҳолшинонӣ роҳандозӣ гардид, ки дар як марҳилаи кӯтоҳ дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал» зиёда аз 5500 бех ниҳолҳои сояафкану ороишии санавбар, сарвиноз ва қарағоҷ шинонида шуда, иқдоми мазкур имрӯз низ бо маром идома дорад.

Тавре иттилоъ дорем бо инобати амалишавии ин барнома ва бо мақсади таъмини беҳдошти муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва дар ин замина коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳит дар ҳудуди шаҳри Душанбе давоми солҳои 2025-2027 шинонидани 450 ҳазор бех ниҳол ба нақша гирифта шудааст.

Бо ҳамин мақсад дар маъракаи ниҳолшинонии имрӯза роҳбарият, ҳайати кормандони сохтор ва зерсохтори Кумита ва донишҷӯёни сохторҳои варзишии Кумита дар умум зиёда аз 380 нафар фаъолона иштирок намуда, то нисфирӯзӣ дар асоси дастури роҳбарият ва нақша - чорбаниҳои созандагиву ободкории Кумита аз ҷониби ҳайати болозикр дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал» бо шумораи зиёда аз 2500 бех ниҳоли сояафкан ва ороишӣ шинонида шуд.

Меҳринисо Раупова
"ТВ Душанбе"