Баргузории маъракаи ниҳолшинонӣ дар «Боғи Ғалаба»-и пойтахт бо иштироки масъулини Cарраёсати маорифи шаҳри Душанбе
25 январи соли 2025 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, доир ба шинонидани дарахтони ҳамешасабз ва вусъат бахшидани корҳои созандагиву кабудизоркунӣ дар пойтахт аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва сохторҳои тобеи он дар ҳудуди "Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал"-и пойтахт маъракаи ниҳолшинонӣ таҳти унвони "Маориф: Дар хуррамгардонии Душанбе саҳмгузор мебошем!" доир карда шуд.
Ҳашар бо роҳбарии намояндагони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе гузаронида шуда, дар он кормандони соҳаи маориф, роҳбарият ва кормандони муассисаҳои тобеи Сарраёсати маориф, аз ҷумла литсею гимназия ва интернатҳои ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Тибқи иттилоъ дар ин ҳашари ниҳолшинонӣ ҳудуди 350 адад дарахтони ҳамешасабз дар минтақми муайяншудаи «Боғи Ғалаба» шинонида шуда, тадбири мазкур минбаъд низ идома меёбад.
Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ