
Иди Тиргон ҳамчун рӯзи ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 июл муайян карда мешавад
30 январ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки зимни он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мутобиқи лоиҳаи қонун ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сархати нав илова гардида, тибқи он Иди Тиргон ҳамчун рӯзи ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 июл муайян карда мешавад.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Точикистон оид ба масъалаҳои хуқуқӣ-намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Точикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон Зариф Алифзода ва Раиси кумитаи Мачлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дар иҷлосия иброз доштанд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бо мақсади эҳё ва таҷлили Иди миллии Тиргон таҳия гардидааст.
Дар сарчашмаҳои муътабари таърихӣ ва осори илмию адабии гузаштагон омадааст, ки ҷашни Тиргон ҳанӯз дар замонҳои хеле қадим дар байни мардуми тоҷик бо хушҳолию хурсандӣ ва бо риояи расму ойинҳои хоси он таҷлил мегардид.
Ба ин маънӣ Тиргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, ба обу замин ва ҷамъ овардани ҳосили зироат робитаи мустақим дорад.
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ