image

Вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи паёми Пешвои миллат бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии пойтахт

date_range31.01.2025, 11:12 chat_bubble_outline0 remove_red_eye50

Шурӯъ аз 30-уми январи соли равон бо мақсади шарҳу тавзеҳ ва фаҳмонидани моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар ҳудуди шаҳри Душанбе вохӯрии аъзои гурӯҳи корӣ ва дигар шахсони мутасаддӣ бо кормандону мутахассисони қишри гуногуни ҷомеа, аз ҷумла кормандони мақомоти давлатӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ин самт дар толори маҷлисгоҳи Маркази назорати давлатии саниатрию эпидемиологии шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндагони сохторҳои шаҳрӣ бо кормандони соҳаи тандурустии пойтахт мулоқот баргузор карда шуд.

Дар ҷараёни ҷамъомад намояндагон вобаста ба Паёми ироагардидаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ андешаронӣ намуда, изҳор доштанд, ки мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем.

Таъкид шуд, ки бо ишора ба Паём зикр шуд, кидар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.

Дар идомаи баромадҳо гуфта шуд, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози фарогирии масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар замони қувват гирифтани рақобатҳои глобалии давлатҳои абарқудрат ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти башарӣ бо иқдоми навин ҳуҷҷати арзишманд ва ҳидоятсози мардуми мамлакат маҳсуб мешавад.

Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"