image

Вохӯрии масъулини МИҲД Фирдавсӣ бо устодону донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе

date_range31.01.2025, 11:37 chat_bubble_outline0 remove_red_eye51

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба мақоми қонунгузори мамлакат дар толори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд.

Масъулини МИҲД ноҳияи Фирдавсӣ зимни баромади худ қайд намуданд, ки Паёми Пешвои миллат  ҳадафҳои воқеии иҷтимоӣ, вазифаҳои нави стратегӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқиро фаро гирифта, барои ноил шудан ва татбиқи онҳо аз масъулин касбият ва масъулияти бештарро тақозо мекунад.

Инчунин қайд намуданд, ки зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Пешвои миллат иброз намуданд, ки барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд.

Инчунин иштирокдорон ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи тақвият бахшидани корҳои идеологӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву эксремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардӣ, тақлиди фарҳанги бегона, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, одоби шаҳрнишинӣ, нашъамандию нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, саҳмгузорӣ дар ободониву созандагии Ватан, манъ кардани воридшавии наврасону ҷавонон ба марказҳои дилхушӣ, ба иштирокдорон маърӯза карданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"