Баргузории мизи мудаввари байналмилалӣ таҳти унвони "СҲШ: дар роҳи ҷомеаи солим бидуни маводи мухаддир"
Дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон мизи мудаввари байналмилалӣ таҳти унвони "Созмони Ҳамкории Шанхай: дар роҳи ҷомеаи солим бидуни маводи мухаддир" баргузор гардид. Ташкилкунандагони ин чорабинӣ Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Дар оғози мизи мудаввари байналмилалӣ таҳти унвони "Созмони Ҳамкории Шанхай: дар роҳи ҷомеаи солим бидуни маводи мухаддир" роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Дабири кулли СҲШ баромад намуданд. Бо маърӯзаҳо дар ҷараёни ҳамоиш намояндагони сохтору мақомоти марбутаи СҲШ ва Сафирони кишварҳои узви СҲШ дар Тоҷикистон баромад намуданд.
Дар ҷараёни мизи мудаввар табодули афкори ҳамаҷониба оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва амалисозии барномаҳои пешгирикунанда оид ба мубориза бо нашъамандӣ ва пешгирии паҳншавии маводи мухаддир дар минтақа баргузор гардид. Иштирокчиён инчунин раванди татбиқи Қарори Шурои сарони давлатҳои узви СҲШ дар бораи такмили фаъолияти СҲШ бо таваҷҷуҳ ба таъсиси Маркази зидди маводи мухаддирии СҲШ дар шаҳри Душанберо мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар доираи чорабинӣ намоиши малакаҳои кори фаврии сагҳои хизматии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонбаргузор шуд. Иштирокчиёни мизи мудаввари байналмилалӣ инчунин бо намоишгоҳи аксҳои Агентӣ ва маҷмӯи васеи таҷҳизоти махсус, ки дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир истифода мешаванд, шинос шуданд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ