image

Баргузории семинар-машварати аъзои Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Сино №4

date_range31.01.2025, 12:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye53

Дар Муассисаи давлатии Литсейи «Умари Хайём» семинар-машварати аъзои Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Сино №4 баргузор гардид.

Семинар-машварат тибқи нақшаи кории комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Сино №4 барои ҳамаи участкаҳои ннтихоботии ҳудуди ноҳияи Сино оид ба омодагӣ ба интихоботи дар пешистода баргузор карда шуд.

Дар семинар-машварати мазкур коршиноси Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, раиси Ҳавзаи интихоботии якмандатаи Сино №4 оид ба Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот иштирок ва суханронӣ карда, масъулини ин чорабинии муҳими сиёсии дар пешистода, тартиби омода намудан ва ташкили коргузориро дар участкаҳои интихоботӣ тибқи мукаррароти қонунҳои амалкунанда шарҳу тавзеҳ дод.

Мавриди зикр аст, ки корҳои омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки санаи 2-юми марти соли 2025 баргузор мегардад, идома дорад.

Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"