Баргузории чорабинии муштарак дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи рушди рақамии Тоҷикистон вобаста ба нақши Ассотсиатсия ва ташаббусҳои рақамӣ чорабинӣ баргузор шуд.
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати вусъат бахшидани ҳадафҳои солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи рушди рақамии Тоҷикистон вобаста ба нақшаи кори Ассотсиатсия ва ташаббусҳои рақамӣ чорабинии муштаракро баргузор намуд, ки дар он намояндагони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи рушди рақамии Тоҷикистон, сохторҳои давлатӣ, ки барои рушди соҳаи рақамӣ масъуланд, менеҷерҳо ва коршиносони ширкатҳои (IT), ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, намояндагони созмону фондҳои байналмилалӣ, ки рушди рақамиро дар минтақа дастгирӣ мекунанд ва ширкатҳои хусусии соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва мутахассисони соҳа ширкат варзиданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади рушди экосистемаи рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифиии технологияҳои инноватсионӣ ва тақвияти ҳамкориҳо байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, дурнамои рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон, ташкили муколама ва ҳамкорӣ байни иштирокчиёни асосии бозори рақамӣ баргузор шуд. Дар кори он дурнамои рақамикунонии соҳаҳои мухталиф ва ҷалби мутахассисони маҳаллӣ ба лоиҳаҳои инноватсионӣ баррасӣ карда шуд.
Дар чорабинӣ таҳияи мавқеи муттаҳид оид ба масъалаҳои асосии рушди рақамӣ, имзои созишномаҳои ҳамкорӣ байни иштирокчиён, ташаккули нақшаи фаъолияти Ассотсиатсия, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилот ва дурнамои рақамикунонӣ натиҷагирӣ карда шуд.
Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ