image

Ҷаласаи Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид

date_range05.02.2025, 11:48 chat_bubble_outline0 remove_red_eye32

4 феврал дар толори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳим баррасӣ карда шуд.

Дар ҷаласаи Раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ муовинони раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аъзои Раёсат ва аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси Комиссияи марказии тафтишотӣ, аъзои Фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари дастгоҳ ва кормандони масъули Дастгоҳи КИМ Ҳизб, раисони кумитаҳои иҷроия дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва фаъолони ҳизбӣ ширкат варзиданд.

Дар рафти ҳамоиш Нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2025, Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми ҳизб, Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии “Роғун - нурбахши роҳи фардои Ватан”, Ҳайати мушовараи нашрияи макразии ҲХДТ “Минбари халқ”, Сметаи даромад ва хароҷоти ҳизб барои соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар маҷлис бо назардошти таклифу пешниҳодҳо, аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ташкилотҳои ҳизбӣ муваззаф гардиданд, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишвар ва муборизаи беамон ба зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, таасубу хурофот ва дигар падидаҳои манфӣ эътибори ҳамешагӣ дода, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ вусъат бахшида, мардумро ба корҳои ободониву созандагӣ, татбиқи нақшаҳои тасдиқгардида даъват намоянд.

Дар фарҷом ба собиқадорони меҳнат ва фаъолони ҲХДТ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ барои хизматҳои шоён ва татбиқи ғояҳои созандаву бунёдкорона нишони 30–солагии ҲХДТ тақдим карда шуд.

Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"