image

Маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2024

date_range05.02.2025, 11:58 chat_bubble_outline0 remove_red_eye26

4 феврали соли 2025 дар бинои Муассисаи давлатии “Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев” маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон ва қадрдонии ғолибони озмунҳои соҳавии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 баргузор гардид, ки дар он беш аз 150 нафар ҷавонон ҳавасманд гардонида шуданд.

Дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2024 Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа - Абдулло Раҳмонзода, Раиси Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Зулфиқор Гулаҳмадзода ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, донишҷӯён, ғолибони ҷоизаву озмунҳои дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2024 эълон гардида иштирок намуданд. Пеш аз оғози маросими расмии ҷоизасупорӣ филми кӯтоҳметражи дастовардҳои давоми соли 2024 Кумита дар самти кор бо ҷавонон манзури ҳозирин гардонида шуд.

Сипас, дар қисми расмии чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Раиси Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, дарҷ намуданд, ки таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ва Ҳукумати кишвар бо мақсади баланд бардоштани маърифати зеҳнии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои вусъати нерӯи эҷодӣ, арҷгузорӣ ва ҳифзи беҳтарин анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, мусоидат дар интихоби касбу ҳунар ва имкониятҳои рушди ин соҳаи муҳим бениҳоят гаронарзиш буда, давоми соли 2024 новобаста аз шароити ҷаҳонии фарогир силсилаи ҳавасмандиҳоро барои ҷавонон амалӣ намуд.

Бо мақсади қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат, адои қарзи ҳарбӣ, хизматию шаҳрвандӣ барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» таъсис дода шудааст. Имсол аз ҷониби комиссияи босалоҳият 12 нафар беҳтаринҳо ба ин ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» сазовор гардиданд.

Ҳамзамон ғолибони озмун барои дарёфти Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар самти адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, техника, технологияю инноватсия ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ қадрдонӣ шуданд.

Инчунин дар маросим нафарони дигар аз рӯи номинаҳои «Беҳтарин сохтори соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2024», «Беҳтарин волонтёри соли 2024», «Беҳтарин шуъбаи кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли 2024», “Беҳтарин шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳу донишкадаҳо”, “Беҳтарин сохтор дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар соли 2024”, «Беҳтарин муассисаи тарғиботӣ дар соли 2024», “Беҳтарин корманди соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2024”, “Беҳтарин сохтори кор бо ҷавонон дар соли 2024” ва дигар номинатсияҳо ҳавасманд гардонда шуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби Кумита ғолибони озмун барои дарёфти стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамин тавр, давоми соли 2024 бо мақсади арҷ гузоштан ба айёми фараҳбахшу созгори умри инсон – ҷавонӣ ва ифтихор аз фазои ободу ороми Ватан, баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми ҷавонон дар ҷомеа, эҳтирому муҳаббат ба Ватан ва васфи саодати баланди ҷавонони Тоҷикистон, кашфи муаллифони боистеъдод, эҷодкор ва навовару бомаҳорат, тарғиб ва муаррифии муваффақиятҳои ҷавонони солҳои соҳибистиқлолӣ, васфи хотироти ҷавонии фарзонагони миллат ва фарзандони фарзонаи сатҳи ҷумҳурӣ ва ҷаҳонии он ду озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ “Васфи ҷавонӣ” ва “Ватан шукӯҳат побарҷо” эълон гардида буд, ки ҳарду озмун натиҷагирӣ ва ғолибон бо диплом ва тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Тазаккур дода шуд, ки ҷавонон ба унвони неруи созанда ва ҳалқаи мустаҳками пайванди наслҳои башар нақши муҳим ва рисолати бузурге дар ҷомеа бар дӯш доранд. Пешрафти ҷомеа бидуни саҳми ҷавонон тасаввурнопазир буда, шукуфоӣ, зебоӣ ва созандагиву беҳбудии зиндагӣ аз ҷавонон ғайрату матонати зиёд тақозо мекунад. Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба ин насли ояндасоз баръало эҳсос гардида, сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат интихоб гардидааст.

Ҳамзамон гурӯҳи ҳаваскорони Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суруду оҳангҳои ҷазобӣ ватандӯстиву ҷавонӣ фазои чорабиниро гарму мунаввар гардониданд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"