image

Баргузории конфронси илмӣ–назариявӣ таҳти унвони «Рушди инноватсия ва технологияи рақамӣ-ҳадафи барномавии ҲХДТ»

date_range06.02.2025, 11:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye170

Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои милат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Рушди инноватсия ва технологияи рақамӣ — ҳадафи барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар конференсия намояндагони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Институти иқтисодиёт ва демография»- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишкадаи технология ва менеҷменти иноватсионӣ дар шаҳри Кулоб, Идораи стратегияи таҳлил ва ҷамъбасти департаменти рушд ва омори бонкии КВД Бонки Амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Ҷумҳурии Точикистон ба номи Сотим Улуғзода, роҳбарият ва кормандони масъули кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, ҳайати омӯзгорони равияҳои информтика ва технологияҳои рақамии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе ширкат ва суханронӣ карданд.

Маърӯзачиён оид ба рушди инноватсия ва технологихои рақамӣ, инчунин, ҷиҳати фаъолияти густурда дар солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ибрози назар намуданд. Иштирокчиён иброз доштанд, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гаштани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» саривактӣ буда, метавонад дар рушди иқтисоди кишвар саҳми бориз гузошта, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар нақши муассир гузорад.

Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"