image

Баргузории мулоқоти навбатии аъзои гурӯҳи корӣ бо сокинони ноҳия Фирдавсӣ

date_range07.02.2025, 11:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye574

Шурӯъ аз 30-уми январи соли равон бо мақсади шарҳу тавзеҳ ва фаҳмонидани моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар ҳудуди шаҳри Душанбе вохӯрии аъзои гурӯҳи корӣ ва дигар шахсони мутасаддӣ бо кормандону мутахассисони қишри гуногуни ҷомеа, аз ҷумла кормандони мақомоти давлатӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ин замина бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндагони сохторҳои шаҳрӣ бо сокинони шаҳракҳои 23, 24 ва маҳаллаи Яккачинори ноҳияи Фирдавсӣ мулоқот баргузор карда шуд.

Дар ҷараёни ҷамъомад намояндагон вобаста ба Паёми ироагардидаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ андешарони намуда, изҳор доштанд, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хос дошта, барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола зиёд карда мешавад. Соли 2024-ум ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба буҷети соли 2023-юм беш аз 2 миллиард сомонӣ зиёд буда, 43 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Дар ин зимн, Ҳукумати мамлакат дар самти таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, инчунин, зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Дар идомаи баромадҳо гуфта шуд, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози фарогирии масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар замони қувват гирифтани рақобатҳои глобалии давлатҳои абарқудрат ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти башарӣ бо иқдоми навин ҳуҷҷати арзишманд ва ҳидоятсози мардуми мамлакат маҳсуб мешавад.

Ғ.Нурализода
"ТВ Душанбе"