
Дар Комиссияи ҳавзавии якмандатии интихобот Фирдавсӣ-1 ҷаласа баргузор гардид
Дар Комиссияи ҳавзавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавсӣ-1 бо иштироки аъзоёни ҳавза ва номзадҳои бақайдгирифташуда ҷаласа баргузор шуд.
Дар асоси Қарори Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Фирдавсӣ-1 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки дар он 62 участкаи интихобот оид ба баргузор намудани интихобот ҳамарӯза фаъолияти худро ба таври муназзам ба роҳ монда истодаанд.
Мутобиқи моддаи 35-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба талаботи Конститутсияи ҶТ ва Қонуни Конститутсионии ҶТ мувофиқат доштани пешбарии номзадҳои пешниҳодгардида, аз ҷониби ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фирдавсӣ- 1 аз ҳизбҳои сиёсӣ 2 нафар номзад ва 1 нафар номзад ба тариқи худпешбарӣ ба қайд гирифта шуд.
Дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Инчунин вобаста ба гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо қайд гардид, ки давлат ба шаҳрвандон, номзадҳо, ҳизбҳои сиёси дар давраи пеш аз интихобот бе мамоният ташвиқот бурданро мувофиқи қонунгузории кишвар таъмин менамояд.
Сарвиноз Гулова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ