image

Роҳбарият ва кормандони МИҲД ноҳияи Фирдавсӣ дар маҳаллаи Дарёобод шумораи зиёди дарахтони сояафканро шинониданд

date_range10.02.2025, 11:16 chat_bubble_outline0 remove_red_eye717

Баҳри амалӣ намудани ташаббусу иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои сарсабзу хуррамгардонидани ҳар як гушаи диёр ва дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати шинонидани дарахтони ҳамешасабз ва густариши корҳои ободонию созандагӣ, роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо истифода аз ҳавои мусоид ба ҳашари дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ баромада, дар маҳалаи Дарёободи ноҳия зиёда аз 500 бех ниҳолони ҳамешасабзу ороишии сузанбаргро шинониданд.

Масъулин зимни баргузории ҳашари мазкур иброз доштанд, ки дарахтони зебое, ки дар ин мавзе шинонида шуданд ниҳоллони маҳаллӣ буда, мутобиқ ба иқлими ҳама шаҳру новоҳии кишвар мебошад.

Ҳамзамон дар ин рӯз бо иштироки техникаҳои калон дар ин макон корхои тамизкори ва ҳамворкуни низ анҷом дода шуд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"