
Дар "Литсейи Умари Хайём" шумораи зиёди дарахтон шинонида шуд
Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Умари Хайём» дар доираи корҳои ободонию созандагии хеш дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ин навбат дар назди муассиса дарахтони зебову сояафканро шинониданд. Дар ин тадбир масъулину кормандон ва шумораи васеъи устодону таълимгирандагони ин боргоҳи таълимӣ ширкат намуданд.
Боиси қайд аст, ки тозагиву ободонӣ рисолати мардуми сарбаланди мо буда, дар гузашта он яке аз рукнҳои муҳими анъанаҳои миллии мо маҳсуб меёфт ва дар замири кӯдакону наврасон ҳисси зебоипарастиро талқину ташвиқ менамуд.
Маврид ба зикр аст, ки роҳбарияти Литсейи Умари Хайём раванди мунтазам ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагиро дар муассисаи таълимӣ зери назорати ҷиддии худ қарор дода, ҳар ҳафта тибқи нақша аз ҷониби коллективи меҳнатӣ ва хонандагон ҳашари дастаҷамъона ташкил ва баргузор карда, пайваста ба он мекушанд, ки ин гӯшаи шаҳри азизамон Душанбе ҳамеша сабзу хуррам, тозаву озода ва ба талаботи шаҳрдорӣ ҷавобгӯй бошад.
Бояд қайд кард, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иқдоми ниҳолшинонӣ ва созандагиро саҳмгузорӣ дар ободонии пойтахти мамлакат арзёбӣ намуда, онро барои насли наврас намунаи ибрат ва омили дӯст доштани табиат, макони зист ва сарзамини аҷдодӣ маънидод карданд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ